Зиндагӣ
Аз даст додан вазнин аст, аз даст додан талх аст,
Тарҷума аз забони ӯзбекӣ · Матни аслӣ
Аз даст додан вазнин аст, аз даст додан талх аст,Гӯё порае аз ту меравад, вой.Ҳар як талафот дар дил дарди халанда аст,Умрбод тарк накарда, ҳамроҳи рӯҳат аст.Пеш аз ҳама падару модари мо саломат бошанд,Солҳои дароз шоду хотирҷам зиндагӣ кунанд.Онҳо бар сари мо соябони моянд,Дилашон ҳеҷ гоҳ алам набинад.Падару модар моро зоданду калон карданд,Лекин роҳи равшанро устод нишон медиҳад.Дар душвортарин, пуразобтарин лаҳзаи ҳаётБа ту аз устодат имдод мерасад.Зеро ғамҳоятро пинҳон доштан воҷиб астАз падару модари шикастаҳолат, албатта.Бад-ин боис ба бағри устод гурехтаРафтанат ҷоиз аст, агар машаққат кашӣ.Устод дар бероҳӣ ба роҳ равона мекунад,Дар зулмати торик чароғ меафрӯзад.Аз пасат бо дуоҳо мададгор мешавад,Ҳар қадар дуру дароз равӣ ҳам.Бад-ин боис устодон саломат бошанд,Худованд ба онҳо матонати кӯҳвор диҳад.Ҳар кӣ устод дорад, қадрашро бидонад,Душман ӯро мағлуб карда наметавонад, ҳарчанд кӯшад.Агар ту дарахт бошӣ, фаромӯш макун, эй мард,Мадорат барои рост истодан ҳаргиз намерасад,То даме ки барои ту гирён дард накашадҶуфти ҳалоле, ки Худо тақдир кардааст.Барои фарзанду иқболат саломат бошадАҳли хонаат, ки дар иффату ҳаё собит аст.Зери поят кӯҳи пинҳон бошад,То сарат ба осмонҳо расад.Фарзанд – меваи туст, ки аз дилат рӯидааст,Агар чида шавад, тамоми оламат меларзад.Фарзанд сирри туст, шеваи туст,Бо ӯ шодию ғамат калон мешавад.Агар фарзандат бемор шавад, барои баёниҲолат суханҳову каломҳо намерасанд.Фарзандат гиря накунад, ҳамеша бихандад,Бо бахти фарзандат шомҳо рӯз аст.Агар ногаҳон бар сарат кулфат борад,Барои бардоштанаш китф лозим аст.Ошнову улфати содиқ туро тарк накунанд,Дӯстони ростин чун кӯҳ ба ту такягоҳанд.Дӯсти вафодор ҳамеша саломат бошад,Ҳеҷ надонад, ки беморӣ чист.Агар бар сараш борону жолаву барф борад ҳам,Ҳеҷ гоҳ дар пеши ғанимон наафтад.Барои ту қавму хешовандон ҷон мекашанд,Бахти ту – бародарону хоҳаронат.Ҳар яке ситора аст, ҳар яке офтоб,Ҳамаашон саломат бошанд – дилҳои пок.Худоё, ба бандагонат раҳм кун,Ҳамаи мо чун барги тирамоҳ оҷизем.Дар ҳузури Иззат шоҳу гадо баробаранд,Рӯзе чун хок бар замин мерезем.Агар Худат мадад накунӣ, ҳоли мо хароб аст,Ба қалб равшаниро Ту илҳом мекунӣ.Сароби дурӯғин моро гумроҳ накунад,Сӯи Худат роҳ нишон деҳ, бас аст, вассалом.Акром МАЛИК
Шарҳҳо
Ҳоло шарҳе нест. Аввалин шуда фикри худро нависед.